"Сазои некӣ нестанд": Дар Исломобод хостори бозбинии муносибот бо толибҳо шуданд

Мақомдорони баландпояи бахши равобити хориҷии Покистон дар парлумони ин кишвар иддао доранд, ки толибҳо ба некиҳои Исломобод бо некӣ посух надода истодаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Дар Сенати ҷумҳурии Покистон хостори бозбинии муносибот бо Кобул шуданд, иттилоъ дод Sputnik Афғонистон.
Ба иттилои манбаъ, ташаббускори ин иқдом раиси Кумитаи сенати Покистон дар умури муносиботи байналмилалӣ, Фаррух Ҳамид Наик мебошад.
Фаррух Ҳамид зимни шунидани ҳисоботи ноиби аввали вазири умури хориҷии Покистон, Асад Маҷид дар парлумон таъкид намудаст, ки толибҳо ба некиҳои Исломобод посухи нек надода истодаанд.
"Толибҳо, ки Исломобод аз манофеяшон дар арсаи байналмилалӣ ҳимоят мекунад, кумаки Покистонро қадр намекунанд", - изҳор дошт сенатори Покистон.
Вай таъкид намудаст, ки Исломобод хилофи хоҳиши кишварҳои ғарбӣ талоши кумак ба толибҳо дорад, аммо ин гуруҳ дар нахустин фурсат силоҳро сӯи Покистон мекунанд.
Ин мақомдор дар пасманзари ҳамла ба дипломати Покистон дар Афғонистон ва даргириҳои ахири марзӣ миёни ин ду кишвар масъалаи бозбинии муносиботро ба миён гузоштааст.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран сарвазири Покистон, Шаҳбоз Шариф низ аз мақомдорони Афғонистон хост, аз рух додани тирпарониҳо дар марз ҷилавгирӣ намоянд.
Толибон: кишварҳои хориҷӣ дар Афғонистон аз ДОИШ* пуштибонӣ мекунанд
Вай дар пайи даргирии ахири марзӣ дар наздикии гузургоҳи "Спин-булдак - Чаман", ки аз ду ҷониб куштаю маҷруҳ барҷой гузошт, изҳор дошт, ки толибҳо ҳеч далеле барои оғози ин даргирӣ надоштанд.
Вай ҳамчунин навиштааст, ки ҳукумати муваққати Афғонистон бояд кафолат диҳад, ки чунин ҳодисаҳо дигар такрор намешаванд.