Ҳавои рӯзи истироҳат дар Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд?

Ҳарорати ҳаво дар шарқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон то 27 дараҷа хунуку дар Суғд то 8 дараҷа ва Хатлон то 13 дараҷа гарм мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар бархе навоҳӣ тормеғ мефарояд, иттилоъ дод Агентии ҳавошиносии ҷумурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар ВМКБ ҳавои бебориш дар назар буда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 14-19 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 22-27 дараҷа хунук, рӯзона 4-9 дараҷа хунук мешавад.
Суғдро низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва тормеғ фаро гирифта, ҳарорат дар водиҳо шабона 3+2 ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 1+6 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Ҳушдори Раҳмон аз афзоиши офатҳо: Ӯ роҳ сӯи ояндаи осударо нишон дод
Дар Хатлон низ тормеғ бидуни боришот дар назар буда, ҳарорат дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 1+4 ва рӯзона ба 6+11 дараҷа гармӣ мерасад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ боришот сурат намегирад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2, дар баъзе ноҳияҳо то 3-8 хунук, рӯзона -2+3, дар баъзе ноҳияҳо то 2+7 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Ҳаво дар пойтахт - Душанбе низ бидуни боришот дар назар буда, тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона 0+2 дараҷа гарм, рӯзона 11+13 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.