Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон омодагиҳоро ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё -2023 оғоз кард

Тамрини якуми мунтахаби ҷавонони то синни 20 - солаи Тоҷикистон то 28 декабр идома меёбад. Тамрини дуюми онҳо моҳи январ дар назар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Олег Кубарев, ки тоза сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон интихоб гардид, ба тамрин додани онҳо шурӯъ кард, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 1 то 18 март дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, омодагӣ оғоз карданд.
Манбаъ меафзояд, тамринии якуми онҳо то 28 декабр идома мекунад ва дар он ҳамагӣ 31 бозигар, аз ҷумла 3 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 12 нимҳимоятгар ва 6 ҳамлагар даъват шудаанд.
Дар назар аст, ба тамрини дуюм, ки мози январ оғоз мегардад, ҳамчунин нимҳимоятгари тими "Краснодар-2" Алиҷони Айнӣ низ ба тими ҷавонон даъват шавад.
Таъйини сармураббии нави мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон: ФФТ пешаш чӣ вазифа гузошт?
Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи "С" баромад карда, бо тимҳои Урдун, Уммон ва Кореяи Ҷанубӣ бозӣ мекунад.
Бозии нахустини мунтахаби Тоҷикистон 2 март сурат гирифта, ду бозии дигар 5 ва 8 март дар назар аст.
Пас аз ҷамъбасти Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон дар Ӯзбекистон чаҳор дастаи беҳтарин ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки соли оянда дар Индонезия баргузор мешавад, роҳхат мегирад.