ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои ҷавонон яркаркаи ҷойҳои кории холӣ ташкил намуданд, хабар медиҳад котиботи раиси вилоят.
Ба иттилои манбаъ, 14 шииркати пудратчии НОБ- и "Роғун" дар ин ярмарка иштирок намуда, 2590 ҷойи холии корӣ ва вазифаҳои озодро барои ҷавонони инминтақа пешниҳод намуданд.
Гуфта мешавад, ярмарка бо мусоидати Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии вилоят сурат гирифт.
"Аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии НОБ- и "Роғун" дар маҷмӯъ зиёда аз 2590 ҷойи кори холӣ пешниҳод шуда, баъди ба кор қабул шудани корҷӯён ҳаққи маоши онҳо аз 2500 то 3000 сомонӣ ва зиёдтар ташкил медиҳад", - изҳор доштааст, сҶаббори Қосим сардори Раёсати мазкур.
Ӯ ҳамзамон гуфт, барои ҷавонон тамоми шароитҳои аввала муҳайё шуда, кормандон дар иншооти сохтмонии сохташаванда 15 рӯзи корӣ ва 15 рӯзи истироҳат хоҳанд дошт.
Дар ҳамин ҳол, қайд гардид, ки феълан 300 нафар аз зодагони ВМКБ дар нерӯгоҳи мазкур кор мекунанд.