ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Дар Душанбе дар як конфронси минтақавии ҳамватанони рус аз кишварҳои ҳамсоя масоили муттаҳидсозӣ баррасӣ мешавад.
Дар чорабинӣ намояндагон аз Абхозистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Ӯзбекистон, Украина, Осетияи Ҷанубӣ ва Тоҷикистон ширкат доранд.
Рӯзҳои 17-18 декабр дар бинои Хонаи Русия намояндагони мақомот, созмонҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои таълимӣ масъалаҳои мубрами диаспора, муттаҳидсозии ҷомеа ва ҳамкории фарҳангиро баррасӣ хоҳанд кард.
Ҷонишини раиси комитети Шӯрои Федератсия оид ба корҳои байналхалқӣ Баир Жамсуев дар конфронс қайд намуд, ки ҷаҳони имрӯза рӯзҳои сахтро аз сар мегузаронад.
Ба гуфтаи ӯ, Русия бо анҷоми як амалиёти вижа на танҳо мардуми Донбасс, таҳқиру тамасхур аз хотираи таърихии онҳо, балки тамоми ҷаҳони Русияро аз наслкушӣ муҳофизат мекунад.
Кор бо ҳамватанон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Русия мебошад.
Зимнан, сафири Русия дар Душанбе Семён Григорев ба ҳамватанон барои саҳмашон дар таблиғ ва паҳн кардани мероси фарҳангии Русия, арзишҳои маънавии Русия, баргузории чорабиниҳо бахшида ба санаҳои фаромӯшнашаванда ва ҷашнҳои миллии Русия изҳори сипос намуд.
"Таҷриба нишон медиҳад, ки танҳо ҷомеаи ба ҳам наздик қодир аст, ки аз ҳуқуқҳои худ самараноктар дифоъ кунад, тиҷорати бомуваффақиятро инкишоф диҳад ва ҳувияти фарҳангиро ҳифз кунад", - таъкид кард Григорев.
Дар давоми ду рӯз иштирокдорони конфронс масъалаҳои муттаҳидшавӣ дар баробари чолишҳои муосир, ҳифзи ҳақиқат дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишварҳои ҳамсоя, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҳамватанонро баррасӣ хоҳанд кард.