Тағйироти кадрӣ дар судҳои олӣ бо пешниҳоди Раҳмону ҷонибдории парлумон

Маҷлиси миллии Тоҷикистон тағйироти кадрии пешниҳодкардаи президентро дар судҳои олӣ, конститутсионӣ ва суди олии иқтисодиро ҷонибдорӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Идрисзода Балаҷон Алиҷон судяи Суди конститутсиони Тоҷикистон интихоб карда шуд. Қарор дар ин борарро Маҷлиси миллии Тоҷикистон бар асоси пешниҳоди президент, Эмомалӣ Раҳмон қабул кард.
Бар асоси пешниҳодҳои дигари президенту ҷонибдории палатаи болоии парлумон, Азизӣ Шамс Одина ва Қодирзода Тоҳир Қамар аз вазифаи судяи Суди олии ҷумҳурӣ бозхонд шуданд.
Инчунин Мирзозода Парвиз Таваккал аз вазифаи судяи Суди олии иқтисодии Тоҷикистон бозхонд гардида, қарорҳои Маҷлиси миллӣ дар ин бора қабул шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран президент дар мақомоти додгоҳии кишвар тағйироти густурдаи кадрӣ анҷом дода, ба иттилои дафтари матбуоташ ба вазифаҳо кадрҳои ҷавону ояндадорро таъйин намуд.
Фармони раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи таъйин намудани интихоботи судяҳо
Раҳмон зимни мулоқот бо додрасҳои навтаъйин аз онҳо баррасии одилонаи парвандаҳои судиро дар доираи қонунгузории мамлакат талаб намуда, онҳоро барои ҳифзи содиқонаи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва манфиатҳои давлату миллат талаб кардааст.
Риояи ҳатмии талаботи қонун ва пешгирӣ аз ҳолатҳои ба таъхир афтодани муҳлатҳои баррасии парвандаҳо аз талаботи дигари Раҳмон аз додрасҳо будааст.
Ҳар корманди мақомоти судӣ бояд бо заҳмати пайгирона ва дасту дилу нияти пок соҳиби обрӯ гардад, ба давлату миллат содиқона хизмат кунад ва вазифаи пуршарафи судяро танҳо бо риояи қатъии талаботи қонун ва бо дарки баланди масъулият иҷро намояд, таъкид намудаст президент.
Судяҳо на танҳо зимни фаъолияти касбӣ, балки берун аз кор ва дар зиндагӣ низ бояд намунаи ибрати дигарон бошанд, азфуд ӯ.