Писарбача бо кулоҳи гушидор ва байрақ мошинҳои сарбозони русро пешвоз мегирад – видео

Дар видеое як сокини ноболиғ деҳаи Троитскоеи Ҷумҳурии Мардумии Луҳанск бо номи Андрей сарбозони русро бо байрақи Русия пешвоз мегирад
Sputnik
Писарбачае, ба дасташ байрақи Русия ва бар сари худ кулоҳигушидор дорад, ки одатан тонкчиён онро мепӯшанд. Ӯ бар ҳар касе, ки аз роҳи деҳа мегузарад, салом медихад ва ба онҳо барори кор орзу мекунад.
Андрей аллакай ба як шахси машҳури маҳаллӣ табдил ёфтааст, аксари ронандагон ба ӯ салом медиҳанд ва аз ӯ сипосгузорӣ мекунанд.
Медведев гуфт, аҳдофи қонунӣ барои артиши Русия дар Украина кист
Қаблан Алёша Павличенкои ҳаштсола аз деҳаи Веселая Лопани вилояти Белгород дар саросари Русия машҳур шуда буд, ки мошинҳои сарбозони русро, ки ба минтақаи амалиёти вижа мерафтанд, дар канори роҳ истиқбол мегирифт ва ба онҳо саломи низомӣ медод.