ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия дар шабакаи Telegram-и худ дар бораи аҳдофи қонунии низомии артиши Русия дар Украинаро тавзеҳ дод.
Ба гуфтаи вай, Русия имкон дорад раҳбарияти низомиву сиёсии кишвари душман ва нерӯҳои мусаллаҳи дигар кишварҳои шарики душманро зери ҳадаф қарор бидиҳад.
Медведев навиштааст, ки дар ҷараёни муноқишаи кунунӣ бо Украина масъалаи аҳдофи қонунӣ ба таври гуногун шарҳ дода мешавад, аммо “қоидаҳои рафтор дар замони ҷанг (jus in bello) вуҷуд доранд, ки аз муқаддасоти қадима ба мо расидаанд”.
Медведев дар посух ба ин суол, ки чиро бояд ҳадафҳои низомии қонунӣ арзёбӣ кард, панҷ банди қоидаҳои ҷангро номбар кард.
Ба гуфтаи вай ин “раҳбаарияти низомию сиёсии кишвари душман” ва “қувваҳои мусаллаҳи дигар мамлакатҳое, ки расман ворид шудаанд, ки шарикони кишвари душман мебошанд ва иншооти минтақаҳои онҳо.
Инчунин, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия афзуд, ки “ҳар сарбози душман (ҷангиёни қонунӣ ва ҷангҷӯёни ғайриқонунӣ), ки аз қувваҳои мусаллаҳи он расман бароварда нашудаанд”; “хар як техникаи низомӣ ва ёрирасони душман”; "ҳар иншооте, ки ба зерсохтори низомӣ тааллуқ доранд, инчунин зерсохторҳои шаҳрвандӣ, ки ба расидан ба ҳадафҳои низоми мусоидат мекунанд", ҳадафи қонунӣ шуморида мешаванд.