Маҷрои Шоҳдара баста шуд: Оғози сохтмони сарбанди "Себзор"

Сарбандии асосии неругоҳ бо дарзии 60 метр ва баландии 8 метр сохта шуда, ғунҷоиши обанбори он ҳудуди 5 млн метри мукааб арзёбӣ мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Барои сохтмони сарбанди нерӯгоҳи "Себзор" ҷараёни дарёи Шоҳдараи ноҳияи Роштқалъа баста шуда, об аз тариқи канали муваққатӣ сар дода шуд, иттилоъ дод ҳукумати ВМКБ аз қавли роҳбари сохтмони нерӯгоҳ, Фохир Юсуфбеков.
Ба иттилои манбаъ, сарбандии асосии неругоҳ бо дарозии 60 метр ва баландии 8 метр сохта шуда, ғунҷоиши оби он 5 млн метри мукаабро ташкил медиҳад. Таъкид гардидааст, ки ҳоло дар иншоот 20 адад нақлиёти боркаши калонҳаҷм ва 40 нафар сохтмончиён фаъолият доранд.
Мутобиқи иттилои мутахассисон, бунёди неругоҳ дар ин мавзеъ бесабаб нест. Зеро суръати ҳаракати об дар ин ҷо нисбатан тез буда, дар фасли зимистон ях намекунад ва барои ба ҳаракат даровардани агрегатҳо хеле мувофиқ аст.
Раҳмону Мирзиёев тугмаи оғози бунёди 2 нерӯгоҳ дар Тоҷикистонро зер карданд
Зикр гардидаст, ки тибқи лоиҳаи бунёди НБО "Себзор", 17 хоҷагӣ, ки манзили истиқоматӣ ва заминҳояшон зери сохтмон қарор гирифта буд, ба ҷойҳои нав кӯчонда, бо манзилҳои истиқоматӣ таъмин шуданд
Нерӯгоҳи "Себзор" дар фарози рӯдхонаи Шохдара бо иқтидори 11 мегаватт сохта мешавад. Интизор меравад, ки нерӯгоҳ барои саноатисозӣ дар минтақа, ки ҳадафи чоруми ҳукумати Тоҷикистон арзёбӣ шудааст, мусоидат намояд.
Ба истифода додани агрегати якуми "Себзор" то охири соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.