ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Беларус изҳор доштааст, ки кишвараш ҳеҷгоҳ душмани Русия нахоҳад шуд, иттилоъ додааст хабаргузории Белта.
"Соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли Белорус устувор аст. Дар ҳамин ҳол, Беларус ҳеҷгоҳ душмани Русия нахоҳад буд. Дар ин бора раисиҷумҳури Беларус”, - гуфт Александр Лукашенко дар нишасти ҳамкориҳои Беларусу Русия.
Кишвардори Беларус қайд кард, ки дар ягон барномаи кишвари шарикӣ ба сохибихтиёрӣ ва истиқлолияти Беларус даст зада нашудааст.
"Бале, мо бо Русия ҳастем, ҳамчун давлати соҳибихтиёр ва мустақил", - таъкид кард раҳбари Беларус.
Лукашенко дар бораи соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти Беларус бо назардошти амиқтар кардани ҳамкориҳо бо Русия ошкоро сухан гуфт.
“Ман мебинам, ки вазъ ҳоло тезутунд шуда истодааст, бахусус пас аз ин музокироти васеъ: дар Беларус дигар қудрат нест, инҷо. Русҳо аллакай роҳ мераванд ва кишварро идора мекунанд. Бори дигар мехоҳам ин хусусиятро таъкид намоям: Беларусро ба ҷуз мо касе идора намекунад. Ин вазифаҳои мо дар асоси конститутсия аст, аз ҷумла ман”, - гуфт ӯ.