ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Се манбаи муътабар мегуянд, ки волии Панҷшер Муҳаммадҳасани Ҳошимӣ ва фармондиҳи амниятии толибон дар вилояти Панҷшер мулло Муҳаммадтайиб Ҳаққонӣ дар ҳоли ҳозир дар вилояти Қандаҳор ба сар мебаранд, Sputnik Афғонистон бо такя ба хабаргузории “Ҳашти субҳ”.
Ба гуфта манобеъ, раҳбари толибони ин ду танро ба далели шикоятҳои пайҳами камиссиюни низомии ин гурӯҳ ба далели камкорӣ дар хусӯси назорати авзои амниятӣ ва сиёсии Панҷшер хонда мешавад, эҳзор кардааст.
Манобеъ илова кардааст, ки эҳтимол меравад ин ду тан аз вазифаҳояшон барканор шаванд.
Толибон то кунун ба гунаи расмӣ дар ин маврид чизе нагуфтаанд.
Ёдоварӣ мекунем, ки аз чанд моҳ аст, ки ихтилофот дар дохили гурӯҳи толибон дар Панҷшер афзоиш ёфтааст.
Чанде пеш вулусволон ва фармондеҳони толибон дар шаш вулусволии Панҷшер аз вазоифашон барканор ва ба ҷои онҳо афрод ҷадид гумошта шуданд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш толибҳо Абдулҳамиди Хуросонӣ, яке аз қумондонҳои тоҷиктаборашон дар вилояти Панҷшерро халъи силоҳ карданд.
Ба иттилои манбаъ, тамоми аслиҳаву амволи Хуросонӣ, ки дар маҳаллаи Хайрхонаи Кобул буд, мусодира шудааст.