ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Суҳайл Шоҳин дар гуфтугӯ бо расонаҳои хориҷӣ муддаи шуд, ки ҳукумати муваққати толибон шавоҳиде дар даст дорад,ки нишон медиҳад мақомоти давлати Ашрафи Ғанӣ аз ДОИШ* пуштибонӣ мекунанд то давлати кунуниро бе субот кунанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
“Ҳамчунин бархе сервисҳои иттилоотии давлатҳои хориҷӣ аз замон ба қудрат расидани толибон дар моҳи августи соли гузашта аз терруристҳои ДОИШ* дар Афғонистон пуштибонӣ мекунанд”, - афзуд вай.
Раиси дафтари сиёсии толибон дар Дуҳа тасреҳ кард, ки мақомоти толибон дар оянда, далелҳои ҷамъовари кардаашонроифшо хоҳанд кард.
Дар як солу ними ахири ҳамалоти террористии мутаъаддиде дар Афғонистон рӯй дода, ки масъӯляти бештари онҳоро ДОИШ бар ӯҳда гирифтааст.
Барои мисол ахиран дар ахиран инфиҷори бомбва тирандозии афроди мусаллаҳ ношинос дар муҷтамаъи маскуни чиниҳодар Кобулсурат гирифт.
Чанде пеш сифорати Покистон дар Кобул ва пеш аз он сифорати Русия дар ин шаҳри ҳадафи ҳамалоти террористӣ қарор гирифт.
Масъулияти ҳамаи ин ҳамлаҳоро гурӯҳи ДОИШ бар уҳда гирифта буд.
* - гурӯҳи мамануъ дар қаламрави Русия