ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Тоҷикистон маблағ барои суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи аҳолиро зиёд мекунад.
Қарор аст дар соли 2023 ҳудуди 13 дарсади маблағи умумии буҷети давлатии Тоҷикистон барои ин ҳадафҳо масраф шавад.
Дар ин бора аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар доданд.
Ҳамин тариқ, хароҷот дар соҳаи иҷтимоӣ беш аз 4,8 миллиард сомониро (480,2 миллион доллар) ташкил медиҳад, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои соли ҷорӣ 13,1% ва ё 567 миллион сомонӣ зиёд аст.
Гуфта мешавад, ин маблағ 12,9%-и хароҷоти умумии буҷети давлатӣ ва 3,9%-и маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки барои пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳо дар соли 2023 ҷудо кардани беш аз 3,9 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Мувофиқи маълумоти охирин дар ҷумҳурӣ қариб 755 ҳазор бознишаста зиндагӣ мекунад ва аз рӯи ҷамъбасти нуҳмоҳа ба онҳо аллакай зиёда аз 2 миллиард сомонӣ дода шудааст.
Қаблан вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонун дар бораи буҷаи давлатии ҷумҳурӣ барои соли 2023-ро баррасӣ ва қабул карданд.
Тибқи лоиҳа қисмати даромади Буҷети давлатӣ барои соли 2023 беш аз 37,1 миллиард сомонӣ, қисми хароҷот 38,1 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Даромади буҷети соли оянда нисбат ба соли 2022 12,3% ё 4,1 миллиард сомонӣ зиёд пешбинӣ шудаас.