Таъхири тӯлонии парвози ҳавопаймои масири Душанбе-Екатеринбург

Ҳавопаймо, ки мебоист аз пойтахти Тоҷикистон ба фурудгоҳи Колтсовои Екатеринбург парвоз мекард, 10 соат ба таъхир афтод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Дар Душанбе парвози ширкати ҳавопаймоии русии "Уралские авиалинии" ба Екатеринбург барои 10 соат ба таъхир афтод.
Дафтари матбуоти ширкати "Уралские авиалинии" хабар дод, ки парвоз ба далели номусоидии обу ҳаво дар Душанбе дертар сурат гирифт.
Тибқи ҷадвали онлайни фурудгоҳи "Колтсово", парвози U6-2954 бояд рӯзи 14 декабр соати 23:30 ба Екатеринбург меомад.
Тоҷикистон дар феҳрасти серталабдортарин масири парвоз аз Русия
Аммо фуруд нахуст 15 декабр ба соати 10:15 ба вақти маҳаллӣ мавқуф гузошта шуда буд ва ҳоло нишаст соати 12:05 дар назар аст.
Дар ҳамин ҳол, тибқи нақша парвозҳои дигар аз Кӯлоб ва Хуҷанд ба фурудгоҳи шаҳри Русия расиданд.
Дар хусуси парвозҳо ба Душанбе бошад, хатсайри У6-2957 15 декабр соати 21:55 пешбинӣ шудааст.
Воридшавӣ ба пойтахти Тоҷикистон соати 01:15 ба вақти маҳаллӣ 16 декабр сурат мегирад. Ҳеҷ гуна тағирот дар ин ҷадвал ҳоло эълон нашудааст.