ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар ҷаласаи Шӯрои рушди стратегӣ ва лоиҳаҳои миллӣ гуфт, рубл дар соли 2022 ба яке аз қавитарин асъори ҷаҳон табдил ёфтааст.
Раисҷумҳури Русия сабаби қави шудани рублро дар гузаштани пардохти қимати газ ба пули Русия мебинад.
“Рубли русӣ аз аввали сол ба яке аз қавитарин арзҳои ҷаҳон табдил ёфт. Ин натиҷа ба шарофати тасмимҳои мо дар мавриди танзими хуруҷи сармоя, интиқоли пардохтҳои газ ба рубл, истифодаи фаъолонаи асъори миллӣ дар тиҷорат бо шарикон ба даст омадааст. Аммо пеш аз ҳама, албатта, ин аз сиёсати масъулонаи молиявиисурат гирифт”, - гуфт Владимир Путин.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Владимир Путин гуфта буд, ки Эътимод ба асъори хориҷии ғарбӣ, аз ҷумла евро, доллар ва фунт стерлинг коҳиш ёфтааст.
Ӯ Ғарбро дар тахриби пояҳои аслии иқтисоди ҷаҳонӣ муттаҳам кард, ки садсолаҳо ташаккул ёфтанд.
"Пеши чашми мо боварӣ ба доллар, евро, фунт стерлинг, ҳамчун асъор барои ҳисоббаробаркунӣ, захира ва дороӣ аз даст рафт", - изҳор дошт раисҷумҳур.
Ӯ гуфт, саҳми доллар ҳам дар ҳисоббаробаркуниҳо ва ҳам дар бахши захиравӣ кам шудааст. Путин дар идома аз созиши "Газпром" бо Чин дар бораи ҳисоббаробаркуниҳо бо рублу юан бо ҳиссаи 50-дарсадӣ хабар дод.