Мақомоти Хуҷанд ба соҳибкорон: Аз воридоти маҳсулоти пастсифат ва зараровар худдорӣ кунед

Мақомоти шаҳри Хуҷанд аз соҳибкорон даъват кардааст, ки саломатии сокинонро аз манфиати хеш боло дониста, ба қонуншиканӣ роҳ надиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik.Сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд Азаматхўҷа Воҳидов дар мулоқот бо роҳбарияти бозорҳо, марказҳои савдо ва соҳибкороне, ки ба хариду фурӯш ва истеҳсоли маводи қаннодии кремдор, шириниҳо ва гӯштӣ машғуланд, аз онҳо хоҳиш кард маҳсулоти пастсифат ва зараровар ба саломатиро ба фурӯш набароранд.
Вай гуфт дар арафаи ҷашни Соли нави мелодӣ талабот ба ширинӣ, маҳсулоти қаннодӣ, гӯштӣ ва дигар анвои хӯрока афзун гардида, гурӯўҳе аз соҳибкорон бо истифода аз фурсат молҳои кўҳнаи ба фурӯш нарафтаи хешро ба савдо мегузоранд, ки ба сиҳатии омма таъсири манфӣ расонида метавонад.
“Аз ин лиҳоз, аз соҳибкороне, ки дар ин самт фаъолият доранд, талаб карда мешавад, ки саломатии сокинонро аз манфиати хеш боло дониста, ба қонуншиканӣ роҳ надиҳанд”, - гуфт Азаматхӯҷа Воҳидов.
Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ба соҳибкорон риояи ҳатмии Қонуни Тоҷикистон ёдрас шуда, таъкид кардаст, ки аз воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ба саломатӣ зараровар худдорӣ намоянд.
Дар Хуҷанд маркази савдои “Шарқ” ба коми оташ рафт - акс
Ҳамчунин дар ин мулоқот зикр карда шуд, ки барои ҷилавгирӣ аз воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва пешгирии бемориҳои сироятӣ ҳамарӯза аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд тадбирҳои таъхирнопазир андешида мешаванд.
Таъкид шудааст, ки дар шаҳри Хуҷанд зиёда 50 адад сехҳои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ фаъол буда, аз миёни онҳо 30 ададашон ба истеҳсоли маҳсулоти қаннодии кремдор машғуланд. Дар ин сехҳо беш аз 200 нафар кормандон фаъолият доранд, ки мутобиқи талаботи қонунгузорӣ бояд аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаранд.
Дар вохӯрӣ инчунин роҳҳои тавсеаи бештари ҳамкории мутақобилан судманди сохтори салоҳиятдор бо соҳибкорон дар самти ҷилавгирӣ аз воридот ва фурӯши молу маҳсулоти пастсифати ғизоӣ матраҳ гардид.