Ҷоми ҷаҳон-2022: Фаронса ба финал, Марокаш барои медали биринҷӣ мубориза мебарад

Мӯъҷиза дигар такрор нашуд: аввалин дастаи африқоӣ, ки ба нимфиналҳои мусобиқа роҳ ёфт, қаҳрамони амалкунандаи ҷаҳонро мағлуб карда натавонист
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Тими миллии футболи Фаронса бар тими Марокаш пирӯз шуда ва ба даври ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футболи соли 2022 дар Қатар роҳ ёфт.
Аввалин дастаи африқоӣ, ки ба нимфинал роҳ ёфт, бар қаҳрамонҳои ҷаҳонии ҷаҳонӣ ғолиб омада натавонист.
Бозӣ бо ҳисоби 2:0 анҷом ёфт.
Бозй бо суръат оғоз шуд, туб дар дақиқаи 5-уми вохӯрӣ баъди зарбаи зебои муҳофизатгари яккачини Фаронса Тео Эрнандес ба дарвозаи марокашиҳо даромад.
Тими миллии Эрон аз Ҷоми Ҷаҳонии футбол 9 миллион доллар подош мегирад
То ин дам дар қаҳрамонӣ ягон нафар аз рақибон ба дарвозаи мунтахаби Марокаш гол назада буд.
Дар давоми ҳарду қисм бозӣ пуршиддат ва қариб баробар буд, вале бо вуҷуди ин бартарии андаке мунтахаби Фаронса дар фосилаи вақтҳо дошт.
Дар дақиқаи 79-ум ҳамлагари фаронсавӣ Рандал Коло Муани бо задани голи аввалини худ дар ҳайати мунтахаби миллӣ ҳисоби тимашро боз боло бурд.
Акнун Фаронса барои унвони аслии ин мусобиқот бо Аргентина ва Марокаш барои медали биринҷӣ бо Хорватия рақобат мекунанд.