Эрон аз идеяи истифода аз рубл ба унвони асъори аслӣ дар қаламрави АвруОсиё ҳимоят мекунад

Сафири Эрон дар Маскав гуфт, Теҳрон аз идеяи истифодаи рубл ҳамчун асъори аслӣ дар иттиҳодияҳои минтақаӣ ба монанди Иттиҳоди Авруосиё ҳимоят мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Сафири Эрон дар Русия Козими Ҷалолӣ ахиран гуфтааст, ки мумкин аст аз рубл ба унвони асъори аслӣ дар мубодилоти ду кишвар истифода шавад, иттилоъ додааст хабаргузории ТАСС.
Оқои Ҷалолӣ афзудааст, ки беш аз 40 дарсади тиҷорати Русия ва Эрон бо рубл сӯрат мегирад ва ба эҳтимоли зиёди асъори Русия мумкин аст асъори аслӣ дар тасвияҳисобҳои дуҷониба бошад.
“Теҳрон ҳамчунин аз идеяи истифода аз рубл ба унвони асъори аслӣ дар иттиҳодияҳои минтақаӣ монанди Иттиҳоди Авруосиё ҳимоят мекунад”, - гуфт сафири Эрон дар Русия.
Ҷалолӣ афзуд, яке дигар аз мавзуоте, ки сарони мо рӯи он тамаркуз доранд ин аст, ки тасаллути бархе асъор, аз ҷумла долларро дар равобити тиҷорӣ ва иқтисодии худ коҳиш диҳем. Бинобар ин, истифода аз асъори миллии мо дар тасвияҳисобҳои мутақобил усӯлист ва мо барои ин ҳадаф ба кори худ идома медиҳем.
Путин: Рубли русӣ яке аз қавитарин асъор дар ҷаҳон шудааст
Ёдовар мешавем, ки ахиран раисҷумҳури Русия Владимир Путин эълон кард, ки рубли русӣ дар соли 2022 ба яке аз қавитарин асъори ҷаҳон табдил ёфтааст