ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Дар шаҳри Истиқлол боз як корхонаи нави саноатӣ бунёд хоҳад шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Тибқи иттилои манбаъ, корхона аз ҷониби Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой сохта мешавад.
“Лоиҳаи он пурра омода шудааст ва соли 2023 корҳои сохтмонӣ оғоз ёфта, дар муддати якуним сол ва бо харҷи 50 миллион доллари ИМА ба анҷом расонида мешавад”,- таъкид доштааст манбаъ.
Зикр гардидааст, ки дар корхона коркарди мис, сурб ва нуқра ба роҳ монда шуда, то 150 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.
Ахиран раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо масъулини Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой аз муҳимияти бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ёдовар шуд.
Вай таъкид кард, ки дар шаҳри Истиклол барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ зарфият ва имконоти зиёд мавҷуд аст.
Дар сурати бунёди корхонаҳои нав ҳам ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд мегардад ва ҳам шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин мешаванд.