ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Ширкати “Маркази ҷумҳуриявии алоқаи кайҳонӣ”-и Қазоқистон бо ширкати тоҷикистонии “Нет Солюшенс” созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд, иттилоъ додааст хабаргузории “Казинформ”.
Манбаъ таъкид кардааст, ки ширкатҳои тоҷикиву қазоқӣ дар бораи ташкили шабакаи алоқаи моҳвораӣ ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути моҳвораи KazSat-3 ба мувофиқа расиданд.
Қайд карда шудааст, ки созишномаро директори генералии ширкати “Нет Солюшенс” Бахтовар Абдусатторов ва муовини раиси ҶС “Маркази ҷумҳуриявии алоқаи кайҳон” Василий Леонов ба имзо расониданд.
Таъкид шудааст, ки ширкати қазоқистонӣ омода аст то соли 2023 иқтидори транспондерии киштии кайҳонии KazSat-3-ро, ки дар мавқеи мадори 58,5 дараҷаи тӯли шарқӣ ҷойгир аст, пешниҳод намояд.
Хабар дода шудааст, ки системаи алоқаи моҳвораии “Kazsat” омода аст, ки на танҳо дар қаламрави Қазоқистон, балки дар қаламрави давлатҳои ҳамсоя низ хизмати алоқаи кайҳонӣ расонад.
“Ширкати қазоқистонӣ ба нақша гирифтааст, ки минбаъд низ дар бозори байналмилалӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ барои расонидани алоқаи кайҳонӣ хизмат намояд”, — гуфт муовини раиси ҶС “Маркази ҷумҳуриявии алоқаи кайҳонӣ” Василий Леонов.
Дар Қазоқистон системаи миллии моҳвораии алоқа ва радиошунавонии “Kazsat” мавҷуд аст, ки аз ду моҳвораи алоқа ва маҷмааи идоракунии рӯизаминии “Аккол” ва “Коктерек” иборат аст.