Шилик аз тӯпхонаҳо: пазироӣ аз Раҳмон дар Покистон - аксҳо

Барои пазироии раисҷумҳури Тоҷикистон дар Покистон хиёбонҳои шаҳри Исломобод бо аксҳои сарони ду давлат, парчамҳо ва овезаҳо оро дода шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Исломобод, сафи горди фахрӣ, намояндагони воломақоми давлатӣ ва кӯдакони покистонӣ пешвоз гирифтанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, бо нашри гузориши аксӣ хабар додаст.
Таъкид шудаст, ки тибқи муқаррароти сафарҳои расмӣ ба ифтихори президенти Тоҷикистон аз тӯпхонаҳо 21 маротиба шиллик сар дода шуд. Инчунин хиёбонҳои Исломобод бо аксҳои роҳбарони Тоҷикистону Покистон, парчамҳои ҳарду давлат ва шиору овезаҳо оро ёфтаанд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон прибыл с визитом в Пакистан
Раҳмонро дар Покистон аз ҷумла вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии раисҷумҳур дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав ва нақлиёт ҳамроҳӣ мекунанд.
Раҳмон бо сафари расмӣ озими Покистон шуд
Ҳамчунин директорони Агентии назорати маводи нашъаовар, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар феҳрасти ҳамроҳони раисҷумҳур зикр шудаанд. Сардори Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ ва президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ ба Покистон рафтаанд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон прибыл с визитом в Пакистан
Дар назар аст, сафари президенти Тоҷикистон ба Исломобод ду рӯз идома ёбад. Дар ин сафари асосан таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, энергетикӣ ва дигар самтҳои ҳамкории ду кишвар баррасӣ мешаванд.