ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Саноати сабуки Русия ба норасоии кадрҳо рӯ ба рӯ шудааст ва ба ҳамин хотир барои ҷалби муҳоҷирони корӣ ба ин соҳа манфиатдор аст.
Маълум шуд, ки дӯзандаҳо аз Ӯзбекистон яке аз беҳтаринҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд, ва онҳо дар лоиҳаи озмоишии Вазорати саноат, ки ба тартиби содда ба кор ҷалб шудаанд иштирок мекунанд, хабар медиҳад “Российская газета”.
Коргарон ба корхонаҳои саноати сабуки Русия меоянд. Дар маҷмуъ 10-15 корхонаи дохилӣ дар ин лоиҳа ширкат хоҳанд кард.
Ҳоло саноати сабуки Русия пас аз рафтани брендҳои ғарбӣ ва тағирот дар занҷирҳои таъминот ба болоравии бесобиқа рӯ ба рӯ шудааст.
Барои пурра ба кор андохтани зарфияти истеҳсолии худ саноат коргарони иловагӣ ниёз дорад.
Вазорати меҳнати Русия хабар додааст, ки барои кор ба кишвар дар ин соҳа наздик ба 5 хазор нафар омадаанд.
Қаблан тартиби ҷалби соддаи шаҳрвандони хориҷӣ ба кор танҳо дар сохтмон ва кишоварзӣ амалӣ мешуд.
Ҳоло дар соҳа, дӯзанда, усто, технологҳо, мутахассисоне, ки аз болои сифати маҳсулот метавонанд назорат кунанд, намерасанд.
Дар ҳамин ҳол, дар 5 соли ахир маоши дӯзандаҳо дар Русия якуним баробар афзоиш ёфтааст. Онҳо имрӯз ба ҳисоби миёна то 45 ҳазор рубл моҳона мегиранд.