Раиси Суғд ба занони вилоят қариб ним млн сомонӣ грант дод

Раиси Суғд мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон бо қабули барнома, стратегия ва консепсияҳо барои беҳбудии минбаъдаи ҳаёт ва фаъолияти занон дар ҷомеа мусоидат менамояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Ба 60 нафар бонувони вилояти Суғд 420 000 сомонӣ грант супорида шуд, иттилоъ дод дафтари матбуоти ҳукумати маҳаллӣ.
Ба иттилои манбаъ, грантҳо аз ҷониби раиси вилояти Суғд барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор таъсис дода шуданд.
Таъкид шуд, ки соли равон аз ҷумла, 15 грант дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ, 15 грант дар ҳаҷми 8 ҳазор сомонӣ ва 30 грант дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида буд.
"Ба комиссияи грантҳои раиси вилоят 104 адад лоиҳаҳои дархостӣ барои рушди ҳунарҳои гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, армуғонсозӣ, адрасбофӣ, қолинбофӣ ва амсоли инҳо ворид гардид", - омадааст дар иттилоия.
Ҷаримаю кумакпулиҳо дар Тоҷикистон аз соли 2023 афзоиш меёбанд
Дафтари матбуоти ҳукумати Суғд мегӯяд, беҳтарин лоиҳаҳои пешниҳодгардида дастгирӣ карда шуданд.
Тавзеҳ дода шуд, ки занони ҳунарманд ният доранд, бо истифода аз маблағи грант фаъолияти коргоҳи худро васеъ ба роҳ монда, аз 10 то 20 нафар занону духтаронро бо ҷойи корӣ таъмин намоянд.
Раиси вилоят изҳори боварӣ намудаст, ки занону бонувони соҳибкор бо саъю талоши комил дар самти беҳдошти сатҳи зиндагии ҷомеа, эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ, таъмин намудани занону духтарон бо ҷойҳои сазовори корӣ саҳм шоиста мегузоранд.
Маврид ба зикр аст, ки мақомот дар Тоҷикистон ҳамасола бо ҷудо намудани маблағҳои муайяни грантӣ ва ё қарзҳои имтиёзнок талош доранд, фаъолияти соҳибкории занонро тақвият бахшанд.
Ба иттилои мақомоти Суғд, занони вилоят тайи солҳои 2010 - 2022 дар маҷмуъ наздики 4 млн сомонӣ грант гирифта, барои пешбурди фаъолияти худу ҷалби занони дигар ба кор истифода намуданд.