ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Ҷоизаи навтаъсиси раиси вилояти Хатлон дар соҳаи фарҳанг аз рӯйи 4 номина тақдим хоҳад шуд, иттилоъ дод дафтари матбуоти ҳукумати вилоят.
Тавзеҳ дода шудааст, ки номинаҳо дар риштаи мусиқии суннатии Фалак ба номи Одина Ҳошимов, дар бахши санъати эстрадаи миллӣ ба номи Муқаддас Набиева, дар риштаи санъати театр ва ҳаҷв ба номи Аловуддин Абдуллозода ва дар бахши санъати рақси миллӣ ба номи Туйдӣ Бобиева гузошта шудаанд.
Аз қавли сардори Раёсати фарҳанги вилоят Рамазон Насриддинзода, оварда шудааст, ки ҷоизаҳои навтаъсис ҳар сол дар Рӯзи фалак, ки 10 октябр таҷлил мегардад, ба ғолибони озмуни вилоятӣ тақдим мегардад.
Ғолибон дар ҷодаи фалаксароӣ, сурудҳои эстрадӣ, рақс, офаридани нақшҳои мондагор дар саҳнаҳои театрӣ ва ҳаҷв соҳиби диплом, медал ва 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ мегарданд.
Дар мавриди шартҳои озмун шарҳ дода шудааст, ки барои дарёфти Ҷоиза ҳунармандони аз 18 то 50-солае, ки дар муассисаҳои фарҳангии қаламрави вилоят на кам аз 5 соли охир фаъолияти эҷодӣ доранд, метавонанд довталаб бошанд.
Таъкид гардидааст, ки ҷоизаи мазкур бо ибтикори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва баланд бардоштани мақоми кормандони соҳаи фарҳанг, рушду такомули санъати касбӣ ва театрӣ дар вилоят таъсис дода шуд.