Раҳмон бо сафари расмӣ озими Покистон шуд

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳаш ба Покистон ёрдамчияш дар бахши равобити байналмилалӣ ва вазирони блоки иқтисодии ҳукуматро гирифтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ озими Покистон шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дода, афзудааст, ки кадоме аз мақомдорон ӯро дар фурудгоҳи Душанбе гусел карданду киҳо ҳамроҳаш ба Исломобод рафтанд.
Дар феҳрасти ҳамроҳони президент дар Покистон аз ҷумла вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии раисҷумҳур дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав ва нақлиёт зикр шудаанд.
Ҳамчунин Раҳмонро дар Покистон директорони Агентии назорати маводи нашъаовар, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ҳамроҳӣ мекунанд.
Азсаргирии парвозҳо миёни Душанбе ва Исломобод
Дар ҳайат сардори Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ ва президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ ворид гардидаст.
Дар назар аст, сафари президенти Тоҷикистон ба Исломобод ду рӯз идома ёбад.
Дар ин сафари асосан таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, энергетикӣ ва дигар самтҳои ҳамкории ду кишвар баррасӣ мешаванд, иттилоъ доданд аз дафтари матбуоти президенти ҶТ.
Маврид ба зикр аст, ки охирин сафари Эмомаӣ Раҳмон ба Исломобод тобистони 2021 доир шуда буд. Қайд карда шудааст, ки ин боздиди феълияш бо даъвати нахуствазири Покистон Шаҳбоз Шариф сурат хоҳад гирифт.