Оғози музокироти Эмомалӣ Раҳмон ва Шаҳбоз Шариф дар Покистон

Баъд аз маросими истиқболи расмии Президенти Тоҷикистон дар қароргоҳи Сарвазири Покистон музокираи музокираи роҳбарони ду давлат оғоз шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Покистон нахуст бо мулоқоти хосаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф оғоз гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Тибқи иттилои манбаъ, дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва шарикии Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуд.
Манбаъ қайд кардааст, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф барои даъват барои анҷом додани сафари расмӣ ба Покистон ва меҳмоннавозию истиқболи самимӣ изҳори миннатдорӣ кардааст.
Шилик аз тӯпхонаҳо: пазироӣ аз Раҳмон дар Покистон - аксҳо
Эмомалӣ Раҳмон омодагию ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро ба рушду густариши минбаъдаи муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Покистон изҳор доштанд.
Бояд гуфт, ки пеш аз музокироти роҳбари ду кишвар дар қароргоҳи Сарвазири Покистон маросими истиқболи раисҷумҳури Тоҷикистон бо шукӯҳи хоса сурат гирифт.
Президенти Тоҷикистонро Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф истиқбол гирифта, ба минбари ифтихорӣ даъват намуд.
Баъди садо додани сурудҳои миллии ду давлат Президенти Тоҷикистон, ва Сарвазири Покистон муҳтарам бо ҳайатҳои расмии дуҷониб шинос шуданд.