Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Исломобод ба хотири пешвози раисҷумҳури Тоҷикистонро горди фахрӣ саф ороста, Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми кишвари мизбон бо самимияти олӣ истиқбол гирифтанд.
Тибқи муқаррароти сафарҳои расмӣ ба ифтихори Президенти Тоҷикистон аз тӯпхонаҳо 21 маротиба шиллик карда шуд.
Барои пазироии раисҷумҳури кишвар шаҳри Исломобод бо аксҳои Сарони кишварҳои Тоҷикистону Покистон, парчамҳои ҳарду давлат ва шиору овезаҳо оро ёфта буд.