ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз нияти оғози парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистону Покистон хабар дода, афзуд, ки аллакай 13 декабр нахустин парвозро аз Душанбе ба Исломобод анҷом дод.
"Дар ояндаи наздик дар доираи барномаи тавсеаи шабакаи парвозҳо "Сомон Эйр" тасмим дорад парвозҳои мунтазамро ба Покистон роҳандозӣ намояд",- иттилоъ доданд аз ширкати мазкур ба Sputnik Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, Душанбе ва Исломобод фарқияти замонӣ надошта, давомнокии парвоз миёни ин ду пойтахт 90 дақиқа аст.
Маврид ба зикр аст, ки феълан "Сомон Эйр" парвозҳои мунтазамро аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Ҳиндустон, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон анҷом медиҳад.
Азми оғози парвозҳои мунтазам ба Исломобод дар ҳолест, ки интизор меравад, раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон 14 декабр озими Покистон шавад.
Дар назар аст, сафари президенти Тоҷикистон ба Исломобод ду рӯз идома ёбад.
Дар ин сафари дурӯзаи расмии раисҷумҳур асосан таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, энергетикӣ ва дигар самтҳои ҳамкории ду кишвар баррасӣ мешаванд, иттилоъ доданд аз дафтари матбуоти президенти ҶТ.
Маврид ба зикр аст, ки охирин сафари Эмомаӣ Раҳмон ба Исломобод тобистони 2021 доир шуда буд. Қайд карда шудааст, ки ин боздидаш бо даъвати нахуствазири Покистон Шаҳбоз Шариф сурат хоҳад гирифт.