Вазири нави умури хориҷии Беларус таъйин шуд: Ӯ кист?

Сергей Алейник, дипломати таҷрибадор ба вазифаи вазири умури хориҷии Беларус таъйин шуд. Ӯ ба ин вазифа пас аз марги нобаҳангоми Владимир Макей таъйин шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Муовини аввали вазири хориҷаи Беларус Сергей Алейник вазири нави умури хориҷии Беларус таъйин шуд.
Вай дар ин мақом Владимир Макейро, собиқ вазири умури хориҷии Беларус, ки нобаҳангом аз олам чашм пушид иваз кард.
Оқои Алейник ду маротиба - аз соли 2009 то 2013 ва аз соли 2020 то 2022 дар вазифаи муовини вазири умури хориҷии кишвар кор кардааст.
Дар ибтидои солҳои 2000-ум дипломат намояндаи доимии кишвараш дар дафтари Созмони Милали Муттаҳид буд.
Гулҳои зиёду навбати беохир: Маросими видоъ бо Владимир Макей – видео
Ғайр аз ин, вай сафир дар Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, инчунин Ирландия буд.

Сергей Алейник кист

Арбоби давлатӣ ва дипломати Беларус Сергей Федорович Алейник 28 январи соли 1965 дар Минск таваллуд шудааст.
Соли 1986 Донишкадаи давлатии омӯзгории забонҳои хориҷии Минскро бо ихтисоси забонҳои олмонӣ ва англисӣ хатм кардааст.
Ва баъдтар - Академияи дипломатӣ дар Венаро бо тахассуси “муносибатҳои байналмилалӣ” хатм кардааст.
Соли 1992 ба кори дипломатӣ гузашт, консули Консулгарии генералии Беларус дар Гаага (Подшоҳии Нидерландия) таъйин шуд.
Алейник инчунин роҳбари хадамоти протоколии Вазорати умури хориҷии кишвараш буд, ӯ бо забонҳои олмонӣ ва англисӣ озодона суҳбат мекунад.