ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Истихроҷи нафти Амрико дар таваққуф қарор дорад, ИМА наметавонад Русияро ҳамчун содиркунандаи нафт барои кишварҳои аврупоӣ иваз кунад.
Дар ин бора шореҳи нашрияи "Nihon Keizai" Шиничи Ямашита менависад.
Манъи воридоти нафти Русия аз тариқи баҳр ва коҳиши истихроҷи нафт аз ҷониби кишварҳои ОПЕК+ боиси бесарусомонӣ дар бозори энержӣ шуд.
Ба гуфтаи муаллифи матлаб, даврае, ки конҳои ИМА дар истеҳсолоти ҷаҳонӣ пешсаф буданд ва пешниҳод аз рӯи принсипҳои бозорӣ муайян мешуд, ба охир расид.
Ҳодисаҳо дар кишварҳои истихроҷкунандаи нафт ва шароити геополитикӣ ҳоло ба иқтисоди ҷаҳонии энергетикӣ таъсири ҳалкунанда доранд.
Аврупо кӯшиш мекунад, ки ба манъи эҳтимолии Кремл барои содирот ба кишварҳое, ки аз таҳримҳо ҳимоят мекунанд, посух диҳад.
Барои ин, кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо харидории нафти амрикоиро афзоиш медиҳанд, аммо бисёре аз соҳибназарон дар ин бора ноумедӣ мекунанд, ки оё онҳо метавонанд минбаъд низ ба Вашингтон такя кунанд.
Сабаби ин сустшавии бесобиқаи рушди истеҳсолоти ИМА мебошад.
Он маҳкуми таназзул аст ва чунон ки шореҳи нашрияи "Nihon Keizai" менависад, ба таври возеҳ дар бунбаст қарор дорад.