Аз сиёсат то тиҷорату фарҳанг: Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон дар Ишқобод

Мақомоти Тоҷикистону Туркманистон дар шаҳри Ишқобод масъалаҳои муҳимми муносибатҳои шарикии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Дар Ишқобод дар мулоқоти муовини раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов бо муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода масъалаҳои муҳими муносибатҳои шарикии стратегии ду кишвар баррасӣ гардиданд, иттилоъ додааст Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳими муносибатҳои шарикии Тоҷикистону Туркманистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
“Дар ин замина рушди устувори ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ таъкид гардид”, - таъкид кардааст ВУХ-и Тоҷикистон.
Ҳамчунин тарафҳо дар ин мулоқот мубодилаи афкор дар атрофи ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ сурат гирифт.
Ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Туркманистон густариш меёбанд
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳамедов эълон карда буд, ки равобити худро бо шарики стратегӣ — Тоҷикистон густариш хоҳад дод.
Вай дар ин бора зимни ҷаласаи васеи ҳукумат бо иштироки роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Туркманистон дар кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ изҳор дошт.
Сардор Бердимуҳамедов густариши равобит бо ҳамсояҳо ва дӯстон дар минтақаи Осиёи Марказиро авлавияти сиёсати хориҷии ин кишвар хонда буд.