Дар Омск маркази логистикии меваю сабзавоти Тоҷикистон ифтитоҳ мешавад

Ба вилояти Омск аз Тоҷикистон меваю сабзавоти тару тоза бо нархи арзон оварда мешавад. Дар он ҷо маркази тақсимоти яклухт кушода мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Омск ва Хатлон созишномаи ҳамкорӣ дар мавриди интиқоли сабзавоту меваи тару тоза аз Тоҷикистон ба минтақаи Русияро имзо карданд.
Дар ин бора губернатори вилояти Омск Александр Бурков дар Телеграми худ хабар дод.
Дар ҷараёни сафар Бурков ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Каримзода масъалаи иштироки вилоят дар лоиҳаи маркази паҳнкунандаи яклухти меваю сабзавоти "Шаҳри меваҷот"-ро баррасӣ карданд.
Интизор меравад, ки он дар Омск дар майдони 35 гектар бунёд шавад. Комплекс дар чорроҳаи Черлак ва Новосибирск сохта мешавад.
Маркази нав ба нақша гирифтааст, ки дар мавсим то 300 мошини боркашро қабул кунад.
“Маҳсулоти меваю сабзавоти тару тоза ба рафҳои мағозаҳои Омск дар ҳар мавсим ва бо нархи арзон ворид хоҳад шуд”, - гуфт раиси вилоят.
Бурков қайд кард, ки чунин шарике, ба мисли ҷануби Тоҷикистон, "ба вазни тилло меарзад", зеро он як минтақаи пешрафтаи кишоварзӣ ва саноатӣ мебошад.
Дар вилояти Хатлон меваю сабзавоти органикӣ – картошка, пиёз, сабзӣ, лаблабу ва лимӯ парвариш карда мешавад, ки аввалин ҳосил дар моҳи апрел мерасад. Солона дар минтақа умуман 3—4 хосил гирифтан мумкин аст.
Намояндагони вилояти Омски Русия ба шаҳри Бохтар ба фестивали лимӯ рафтанд
Ёдовар мешавем, ки дар ҳоли ҳозир Бурков барои нахустин бор ба Тоҷикистон сафари корӣ дорад. Губернатори вилояти Омск аз ҷашни лимӯ дар Бохтар дидан кард .
Ҳамчунин ҳайати намояндагони шаҳри Омск дар рафти сафар ба ду корхонаи маҳаллӣ, инчунин ба хоҷагии тухмипарварии "Ҳосилот", ки лиму, картошка, помидор ва дигар сабзавот парвариш мекунад, диданд.
Ин намояндагон гуфтаанд, ки вилояти Омск метавонад бо Тоҷикистон дар дигар соҳаҳо ҳамкориро барқарор кунад.