Олимони рус барои Тоҷикистон навъҳои махсуси ғалладонаву лубиёгиҳоро таҳия мекунанд

Ширкатҳои Русия низ барои ҳамкорӣ бо шарикони тоҷик дар тавлиди маҳсулоти гуногуни ғизоӣ ва саноатӣ изҳори омодагӣ кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Марказҳои илмии Омск барои Хатлон навъҳои минтақавии ғалладона ва зироатҳои лубиёгиро таҳия мекунанд.
Дар ин бора дар ҷараёни нахустин сафари кории губернатори вилояти Омск Александр Бурков ба Тоҷикистон маълум шуд.
Пас аз мулоқот бо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода тасмим гирифта шуд, ки вилояти Омск ин минтақаи Тоҷикистонро на танҳо бо ғалла, балки бо техникаи кишоварзӣ, инчунин макарон ва маҳсулоти қаннодӣ таъмин намояд.
Ҳамчунин, ширкатҳои Омск омодаанд бо шарикони тоҷик дар тавлиди афшура, авокадо ва мураббо ҳамкорӣ кунанд.
Дар Омск маркази логистикии меваю сабзавоти Тоҷикистон ифтитоҳ мешавад
Корхонаҳои нассоҷии Федератсияи Русия омодагии худро барои харидории маснуоти матоъ, нах ва лавозимот дар Тоҷикистон изҳор карданд.
Ғайр аз ин, вилоятҳо шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонданд, ки мувофиқи он ба Омск бо нархи арзонтар сабзавоту меваи тару тоза фиристодани он пешбинй шудааст.
Ҳамчунин, дар минтақаи Русия дар масоҳати 35 гектар нахустин маркази фурӯши яклухтфурӯшии маҳсулоти меваю сабзавоти Тоҷикистон ифтитоҳ мешавад.
Маркази нав ба нақша гирифтааст, ки даряк мавсим то 300 мошини боркашро қабул кунад.