Маҳсулоти хушки меваву сабзавот ба вилояти Хатлон ба Омски Русия содирот мешавад

Раиси вилояти Омск мегӯяд, соҳибкорон ин минтақаи Русия барои содироти маҳсулоти хушсифати кишоварзии Тоҷикистон омодаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Ахиран дар вилояти Хатлон мулоқоти раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо раиси вилояти Омск Александр Бурков сурат гирифт, ки дар он масъалаи содироти маҳсулоти кишоварзии вилотяи Хатлон ба Омски Русия матраҳ шуд.
Александр Бурков, дар ин дидор қайд кард, ки соҳибкорони рус барои содироти маҳсулоти кишоварзии сабзӣ, пиёз ва меваҳои ситрусӣ, аз ҷумла лимӯи хушсифат омодаанд.
“Мо мехоҳем дар оянда ба вилояти Хатлон техникаву мошинолоти ба соҳаи кишоварзӣ зарурӣ, маҳсулоти гуногуни нонӣ, тухмиҳои серҳосили гандум ва дигар ашёҳои маиширо пешкаш намоем”, - афзуд раиси вилояти Омск.
Иттилоъ дода шудааст, ки баъди мулоқот раиси вилояти Хатлон ва раиси вилояти Омски Русия ба як қатор шартномаҳо имзогузорӣ карда, хоҳони боз ҳам мустаҳкамтар шудани равобити вилоятҳоро дар соҳаҳои гуногун изҳор доштанд.
Тарафҳо зикр карданд, ки барои боз ҳам фарохтар ба роҳ мондани муносибатҳо дар тамоми соҳаҳо омода мебошанд.
Намояндагони вилояти Омски Русия ба шаҳри Бохтар ба фестивали лимӯ рафтанд
Қайд гардид, ки дар доираи иҷрои санаду созишномаҳои баимзорасида дар ояндаи наздик равобити дуҷонибаи вилоятҳои Хатлон ва Омски Русия боз ҳам беҳтар ба роҳ монда мешавад.
Дар вохӯрӣ қайд гардид, ки муносибати дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия ҳанӯз аз солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ оғоз гардида то ин ҷониб зиёда аз 300 созишномаҳо ба имзо расидаааст.
Гуфта шуд, ки вилояти Хатлон яке аз аз вилоятҳои калони аграрии Тоҷикистон мебошад, гузашта аз ин наздики 90 фоизи барқ дар ин вилоят истеҳсол мешавад. Кишоварзони вилояти Хатлон бо истифода аз обу ҳавои мусоид ва таҷрибаи андухтаи хеш метавонанд аз заминҳои дар ихтиёрдошта 2 – 3 ҳосил бардошта дар фарвонии бозорҳои дохил ва хориҷи мамлакат ҳиссагузорӣ намоянд.
Ба иттилои раиси вилояти Хатлон ҳамасола зиёда аз 80 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ мегардад. Зиёда аз 1 миллион тонна меваву сабзавот, 55 ҳазор пусту пашм истеҳсол мешавад,ки қисми зиёди он ба хориҷи мамлакат содирот мегардад.
Дар вилояти Хатлон зиёда аз 700 корхонаҳои саноатии хурду калон фаъолият доранд, ки онҳо зиёда аз 220 намуд маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мекунанд.