Изҳороти аҷиби додраси амрикоӣ, ки Бутро равонаи зиндон кард

Собиқ додраси ИМА Шендлин ахиран гуфтааст, ки Бут қасди содир кардани ҷиноятро надошд ва агар имкон мебуд ба ӯ ҳукми кӯтоҳтар медод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Додраси собиқи ИМА Шира Шейндлин бар ин назар аст, ки ҳукми содиршуда нисбати Виктор Бут хеле сангин буд, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости”.
Шейндлин, ки дар солҳои 2010-2012 дар мурофиаи додгоҳии Виктор Бут қазоват мекард ва ӯро ба 25 сол равонаи зиндон карда буд, гуфт, ин тоҷири рус барои ҷинояте боздошт шудааст, ки қасди содир кардани онро надошт.
Ба гуфтаи вай, боздошти Бут натиҷаи амалиёти мақомоти Амрико будааст.
"Бо ӯ агентҳои махфӣ тамос гирифтанд. Ӯ ба созмони террористии Колумбия наздик нашуда буд. Онҳо бо ӯ тамос нагирифтанд. Онро ҳукумати Иёлоти Муттаҳида сохтакорӣ кардааст", - гуфт Шейндлин дар мусоҳиба.
"Раҳмат ба Жириновский": Бут узви ЛДПР шуд
Ба гуфтаи вай, он замон соҳибкори рус бо силоҳ машғул набуд ва бо созмонҳои террористӣ рабте намехост дошта бошад.
"Аз ин рӯ, ман фикр мекардам, ки ин як ҳолати махсус аст ва агар имкон медоштам, ҳукми ӯро кӯтоҳтар мекардам", - гуфт судя.
Вай тавзеҳ дод, ки барои ҳама гуна ҳукм додрас мавод аз вакилони давлатӣ ва ҳамчунин аз вакилони айбдоршаванда мегирад. Баъд аз ин ҳарду ҷониб пешниҳодҳои хаттӣ карданд ва дар додгоҳ суханронӣ карданд.
Вай таъкид кард, ки вай "ҳеҷ фишор" надида буд.
Ёдовар мешавем, ки Виктор Бут бо иттиҳоми омода кардани тавтеъа барои куштори шаҳрвандони ИМА ва маблағгузории терроризм дар Иёлоти Муттаҳида мӯҳлати 25 сол равонаи зиндон шуда буд.
Виктор Бут рӯзи 8 декабр пас аз тақрибан 15 соли зиндон ба Русия баргашт. Бутро ба баскетболбози амрикоӣ Бритни Гринер иваз намуданд.