Намояндагони вилояти Омски Русия ба шаҳри Бохтар ба фестивали лимӯ рафтанд

Намояндагони як вилояти Русия дар доираи фестивал ба мақомоти Хатлон ваъда доданд, ки барои содироти лимӯи Тоҷикистон ба бозори Русия мусоидат хоҳанд кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Дар Қасри фарҳанг ва маркази иттилооти шаҳри Бохтар Фестивали лимӯ ва намоиши маҳсулоти саноатии вилоят баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон.
Тибқи иттилои манбаъ, фестивали мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон ва дар заминаи шартномаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия баргузор гардидааст.
Фестивал лимона в городе Бохтар
Таъкид Шудааст, ки дар фестивал раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, намояндагони вилояти Омски Русия ва дигар масъулон иштирок доштанд.
Раиси вилоят ва дигар масъулон дар бораи лимӯ ва ҳосили хуби имсолат ба меҳмонон маълумот дода, дар бораи шароити боду ҳавои мусоиди кишвар ва деҳқонони асили хатлонӣ иттилоъ доданд.
Фестивал лимона в городе Бохтар
Меҳмонон ба сифати маҳсулот ва ҳосили бадастомада баҳои баланд дода, дар хусуси харидор доштани маҳсулот ва ниёз ба чунин маҳсулот дар Русия ҳарф заданд.
“Маҳсулот дӯстдорону харидорони зиёдеро дорад ва ҷониби Русия омода аст, ки вобаста ба содироти чунин маҳсулот мусоидат намоянд”, - таъкид намудааст манбаъ .
Баъдан, раиси вилоят бо меҳмонон аз намоиши маҳсулоти саноатӣ дидан карда, аз шахсони масъул ва кормандони корхонаҳои саноатӣ дар бораи коркарди маҳсулот, иқтидор, фаъолияти мутахассисон ва имконияти содироти маҳсулот маълумот гирифтанд.