Таҳримҳои Эрон нисбати 9 созмону 23 шаҳрванди Иттиҳодияи Аврупо ва Бритониё

Вазорати хориҷаи Эрон эълон кард, ки нисбати нӯҳ созмон ва 23 шахс аз Иттиҳодияи Аврупо ва Бритониёи Кабир таҳримҳо ҷорӣ намудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Вазорати хориҷаи Эрон бо нашри як баёния хабар додааст, ки мақомоти ин кишвар алайҳи 9 созмон ва 23 нафар аз Иттиҳодияи Аврупо ва Бритониё таҳримҳои ҷавобӣ ҷорӣ карданд.
Қаблан Ҷозеф Боррел, раҳбари дипломатияи Иттиҳодияи Аврупо, бастаи нави таҳримҳо зидди Теҳрон ба хотири ҳамкорӣ бо Маскав дар бахши дифоиро эълом карда буд.
"Мувофиқи тасдиқи мақомотҳои дахлдор, ВКХ дар чаҳорчӯби қоидаҳо ва механизмҳои дахлдор ва дар посух нисбат ба муассисаҳо ва шахсони алоҳида дар Иттиҳоди Аврупо ва Бритониё барои фаъолияташон дар самти дастгирии терроризм ва гурӯҳҳои террористӣ таҳримот ҷорӣ мекунад. Миёни онҳо гурӯҳҳои террористӣ, барангехтани хушунат, ошӯб, ҳамлаҳои террористӣ алайҳи мардуми Эрон, аз ҷумла Радиои Замона, Радиои Фардо, маҷаллаи Charlie Hebdo, пойгоҳи низомии Бритониё Менвит Ҳилл, иншооти ёрирасони Нерӯҳои баҳрии Бритониё, инчунин Кумитаи парлумонии Бритониё барои озодии Эрон”, - омадааст дар баёнияи Вазорати умури хориҷаи Эрон.
Ҳамагӣ дар феҳристи таҳримҳои Эрон 9 созмон ва 23 шахси воқеъи қарор дорад.
Омодагии ҷиддии тоҷирони тоҷик барои сафар ба Эрон
Мақомоти Иттиҳодияи Аврупо низ таҳти таҳримҳои Эрон қарор гирифтанд, аз ҷумла Бернард Кушнер-вазири пешини корҳои хориҷии Фаронса, Роберт Ҷенрик, азири муҳоҷирати Бритониё ва Маршали бритониёӣ Мартин Эллиот Сампсон.
Кишварҳои ғарбӣ иддао доранд, ки гӯё Эрон дар ҳоли ҳозир Русияро дар амалиёти низомӣ дар Украина ба паҳподҳо таъмин мекунад. Маскав ва Теҳрон борҳо ин гуна иттиҳомотро рад кардаанд. Вазири умури хориҷаи Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён гуфт, ки Теҳрон Русияро бо паҳпод таъмин кардааст, аммо ин раванд чанд моҳ қабл аз оғози амалиёти вижа дар Украина буд.
Вазири хориҷаи Эрон иттилоъ дар бораи интиқоли мушакҳо ба Русияро "комилан дурӯғ" хонд. Кремл инчунин қайд кард, ки онҳо дар бораи силоҳи Эрон маълумот надоранд.
Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфт, ки дар Украина "таҷҳизоти Русия бо номҳои русӣ истифода мешавад".
Иттиҳодияи Аврупо қаблан ба далели вазъ дар ин кишвар, ки бо эътирозҳои оммавӣ фаро гирифта шудааст, алайҳи Теҳрон таҳримот ҷорӣ карда буд. Эрон ҳам дар посух таҳримҳои худро алайҳи Иттиҳодияи Аврупо густариш дод.