ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Губернатори вилояти Омск Александр Бурков барои нахустин сафари расмии худ ба Тоҷикистон рафт, хабар медиҳад дафтари матбуоти маъмурияташ.
Ба иттилои манбаъ, якҷоя бо раиси вилоят ҳайати мақомдорони баландпоя, асосан аз блоки иқтисодии минтақа ва бахши хусусӣ низ озими Душанбе гардидаанд.
Дар феҳрасти онҳое, ки Бурковро дар Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекунанд, аз ҷумла вазири иқтисоди вилоят Анна Негодуйка, вазири кишоварзӣ ва озуқа, Николай Дрофа ва муовини вазири маориф Татяна Дернова номбар шудаанд.
Ба ҳайат дар сафари расмии роҳбари Омск инчунин роҳбарони муассисаҳои таълимии олии Омск, намояндагони корхонаҳои саноатӣ ва хочагии қишлоқ низ ворид гардидаанд.
Ҳадафи ин сафар рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмию техникӣ ва башардӯстона миёни Тоҷикистон ва вилояти Омск арзёбӣ мегардад.
Ҳайат таҳти роҳбарии Бурков нақша дорад дар Тоҷикистон, аз ҷумла бо муовини сарвазири ҷумҳурӣ Матлубахон Сатториён мулоқот кунад.
Ҳамчунин имзои созишномаҳо бо вазоратҳои соҳавӣ ва шартномаи ҳамкорӣ бо вилояти Хатлон дар назар аст.
Намояндагони бахши хусусӣ ва саноат ният доранд бо ҳамтоёни тоҷик мулоқот намоянду дурнамои ҳамкориро баррасӣ намоянд.
Қобили зикр аст, ки тайи чанд соли ахир гардиши мол миёни Тоҷикистон ва вилояти Омск беш аз 4 млн долларро ташкил додааст ва дар оянда ду баробар афзоиш хоҳад ёфт.