ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Генерал Абдусаттор Фаттозода бо муҳассилини тоҷики Донишгоҳи ВКД дар шаҳри Маскав мулоқоту суҳбат анҷом дод.
Ба иттилои ВУД Тоҷикистон, Фаттоҳзода, ки мақоми муовини Директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ-ро ба уҳда дорад, ба муҳассилин аз таҳдидҳои муосир гуфтааст.
Вай баланд бардоштани савияи дониши шунавандагону курсантон дар муқовиват бо ҷиноятҳои муташаккил, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва воситаҳои психотропиро омили муҳим хондааст.
"Шумо муҳассилин кӯшиш ба харҷ диҳед, то аз илмҳои замон, пешрафт ва истифодаи технологияи муосир, ки бо суръати кайҳонӣ тараққӣ намуда истодаанд, ба қадри кофӣ баҳравар бошед", - таъкид намудаст Фаттозода.
Ӯ илова намудааст, ки донишу малакаи баланди касбӣ дар муқовимат бо ҳамагуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа, ҳифзи амну субот ва бехатарии давлату миллат устувориро таъмин месозад.
Ба иттилои мақомоти тоҷик, феълан дар Донишгоҳи ВКД-и Русия дар Маскав 29 шунаванда пас аз хатми мактаби миёна таҳсил доранд. Ҳамчунин 9 корманди амалкунандаи ВКД Тоҷикистон ба зинаи илмӣ ва илмӣ-педогогӣ бо таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Фаттозода аз моҳи октябри соли 2019 мақоми намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар қаламрави давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба уҳда дорад.