Барои муҳоҷирон дар Русия шаҳодатномаи нав ҷорӣ мекунанд

Санади нав - шаҳодатнома барои шаҳрванди хориҷие, ки дар қаламрави Русия кор мекунад, дар шакли электронӣ таҳия мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Русия санади электронии муҳоҷирро таҳия хоҳад кард, иттилоъ додааст рӯзномаи “Известия” дар истинод ба мудири кулли “Гознак” Аркадий Трачук.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло масъалаи ҷорӣ кардани низоми шиносоии биометрӣ барои муҳоҷирон баррасӣ мешавад.
Трачук қайд кард, ки сухан дар бораи низоме электроние меравад, ки шабеҳи "Госуслуги" аст, аммо дар бораи чигуна шаҳодатномаи нави электронӣ дар қаламрави Русия кор мекунадро Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилӣ пурра маълумот хоҳад дод.
Бояд гуфт, ки лоиҳаи мазкурро вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамкорӣ бо вазорати рушди рақамӣ роҳандози кардаанд.
Трачук таъкид кард, ки ширкати “Гознак” дар ин лоиҳа нақши ташкилоти хидматрасониро мебозад.
Оверчук баъди гуфтушунид дар Душанбе: Дар бахши муҳоҷират сабукиҳо мешаванд
Лоиҳаи нав бояд тамоми хизматрасониро барои шаҳрвандони хориҷӣ соддатар гардонад.
"Дорандаи шаҳодатнома, ин нафарест, ки дар бораи ӯ тамоми маълумот ҷамъоварӣ шудааст: ному насаб, иҷозатномаи кор, шиноснома ва суғуртаи тиббииаш", - гуфт мудири кулли “Гознак”.
Аркадий Трачук таъкид кард, ки ин як навоварии хеле саривақтист, зеро дар бозори байналмилалии меҳнат бояд ҳамеша нисбати коргарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои дигар рақобатпазир буд.
Ёдовар мешавем, ки ҳануз соли 2021 муовини нахуствазири Русия Алексей Оверчук дар бораи ҷорӣ кардани санади нав барои муҳоҷирони меҳнатӣ баён карда буд.