Ҷамъбасти Ҷоми ҷаҳон дар риштаи бокс: Муштзанҳои тоҷик 6 медал оварданд

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон натиҷаи иштироки муштзанҳои кишвар дар Ҷоми ҷаҳон дар риштаи бокс дар минтақаи Белоярски Русияро эълон дошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Муштзани тоҷик Шамшер Саидов барандаи Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт дар Русия гардид.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Саидов дар марҳилаи ниҳоии ин мусобиқа дар вазни 67 кило бо варзишгари русиягӣ, Руслан Пидгирняк зӯрозмоӣ карда, ғолиб баромад.
Дар баробари Саидов, ки медали тило гирифт, муштзанҳои дигари тоҷик низ аз ҳисоби мардҳо дар ин мусобиқа соҳиби 2 медал - 1 нуқра ва 1 биринҷӣ гардиданд.
"Медали нуқраро Шаҳбоз Ҳаитов дар вазни 86 кило сазовор шуд. Некрӯз Салимов дар вазни то 80кг ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф гардид", - омадааст дар иттилоия.
Миҷгона Самадова дубора соҳиби медали тилои Ҷоми ҷаҳонии бокс шуд
Маврид ба зикр аст, ки қаблан дар ин мусобиқа миёни бонувон Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кило медали тило, Шоира Зулқайнарова дар вазни то 60 кило ва Меҳриноз Музаффарова дар вазни то 81 кило медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар маҷмуъ дар ин мусобиқа дар минтақаи Белоярски Русия варзишгарон аз Озарбойҷон, Миср, Конго, Гурҷистон, Белорус, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва худи кишвари мизбон иштирок карданд.
Зӯрозмоиҳо аз рӯи 11 вазн миёни мардон ва 6 вазн миёни занон сурат гирифта, намояндагони Тоҷикистон дар маҷмуъ 6 медал, аз ҷумла 2 тило, 1 нуқра ва 3 биринҷиро соҳиб шуданд.