Дар маросими ифтитоҳи ҳамоиш намояндагони вазоратҳои фарҳанги Русия ва Тоҷикистон, сафорати Русия дар Тоҷикистон, Россотрудничество, муассисаҳои таълимӣ дар бахши мусиқӣ ва ҷомеа ширкат доштанд.
Муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон Обид Назариён гуфт: “Ҳамкориҳои фарҳангӣ бо Русия анъанавӣ ва ғанӣ буда, мо ба рушд ва амиқсозии ҳамкориҳо бо Русия таваҷҷуҳи хоса медиҳем.
Ба гуфтаи вай, ҳамкориҳои фарҳангӣ ва гуманитарии ду кишвар ба таври мусбат рушд доранд.
“Тоҷикистон фарҳанги аслии миллии мардуми русро, ки бо гуногунрангии этникии худ машҳур аст, хуб медонад, дӯст медорад ва қадр мекунад... Муколамаи байнифарҳангӣ миёни Русия ва Тоҷикистон бояд тавассути маориф, илм ва фарҳанг, ҳифзи муштаракоти фарҳангӣ сурат гирад. Мероси кишварҳоямон ва баргузории чунин ҳамоишҳо ба равандҳои ҳамгироӣ миёни кишварҳоямон мусоидат мекунад”, - гуфт намояндаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорьев қайд кард, ки ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар бар пояи аъло дар шакли як ҷомеаи фарҳангӣ ва гузаштаи муштараки таърихӣ ва анъанаҳои фарҳангии ба ҳам наздик асос ёфтааст.