Тоҷикистон дар феҳрасти серталабдортарин масири парвоз аз Русия

Хадамоти фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ дар Русия афзоиши талабот ба парвозҳо ба кишварҳои хориҷи наздик, аз ҷумла ба Тоҷикистонро дар соли равон ба қайд гирифтаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Талабот ба чиптаҳои ҳавопаймо аз Русия ба Тоҷикистон дар соли равон ба маротиб афзуда, қариб панҷяки мусофирон дар сол ба ин масир рост меоянд, бармеояд аз додаҳои "Туту.ру" ва "OneTwoTrip".
Ба сегонаи серталабтарин масирҳои парвоз аз Русия - Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ворид шудаанд, хабар додаст хадамоти фурӯши чиптаҳо "Туту.ру". Ҳамчунин ба даҳгона Арманистон, Озарбойҷон, Туркия, Белорусия, Қазоқистон, Гурҷистон, Амороти Муттаҳидаи Араб дохил гардидаанд.
Таъкид шудааст, ки ба Тоҷикистон беш аз 17%-и мусофирони парвозкарда аз Русия рост меоянд, ки нисбати ҳиссаи соли гузашта қариб 5% зиёд мебошад. Нархи миёнаи рафтуомад дар ин масир ба ҳисоби миёна 11% афзоиш ёфта, 27,6 ҳазор рублро ташкил додаст.
Қазоқистону Тоҷикистонро хатсайри нави ҳавоӣ мепайвандад
Парвозу баргашт дар бархе масирҳои дигар арзон шудааст, аз ҷумла нархи парвози дутарафа ба Қазоқистон 27% - то 31 ҳазор рубл, Белорус 25% - 12,6 ҳазор рубл ва Ӯзбекистон 11% то 28,6 ҳазор рубл кам шудаст.
Пойгоҳи "OneTwoTrip" низ чор баробар зиёд шудани талабгорони парвоз аз Русия ба Тоҷикистонро ба қайд гирифтааст. Ҳиссаи мусофирони самти Тоҷикистон аз маҷмӯи мусофирони парвозкарда аз Русия дар соли гузашта наздики 3% арзёбӣ шуда буд.
Тибқи иттилои ин пойгоҳ дар феҳрасти машҳуртарин масири парвозҳо аз Русия дар соли равон Арманистон бо ҳиссаи беш аз 18%-и мусофирон, Туркия наздики 15% ва Тоҷикистон бо ҳиссаи қариб12%-и мусофирони парвозкарда ҷой гирифтаанд.
Ба даҳгона ҳамчунин Қирғизистон - 10,9%, Ӯзбекистон - 6,7%, Қазоқистон - 5,8%, Озарбойҷон - 4,7%, Белорус - 3,9%, Имороти Муттаҳидаи Араб - 3,6% ва Таиланд - 2% рост меоянд.