Вазорати мудофиаи Русия навори кашфу нобудсозии ҳавопаймоии қувваҳои мусаллаҳи Украина дар минтақаи амалиёти вижаро нашр кард.
"Ҳангоми иҷрои парвоз халабонҳои ҳавопаймои нерӯҳои фазоии Русия саривақт ҳавопаймои рақибро ошкор карда, сарнагун карданд", - омадааст дар иттилоияи Вазорати мудофиаи Русия.
Халабонҳои ҳавопаймоҳои қиркунанда амалиёти дигар ҳавопаймоҳои бомбандозу ҳамлагар ва ҳамчунин чархболҳои артишро пуштибонӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки аз 24 феврал инҷониб Русия амалиёти вижаи низомиро барои ғайринизомисозӣ ва нозизудоӣ дар Украина анҷом медиҳад.
Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин ҳадафи онро "дастгирии одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд". Вазифаи нерӯҳои мусаллаҳ озод кардани Донбасс ва таъмини амнияти Русия арзёбӣ мегардад.
Кишварҳои Ғарб аз оғози амалиёт ба таври густурда нерӯҳои Украинаро бо аслиҳаи муосир таъмин мекунанд.
Қаблан Маскав аз таъмини молию низомии густурдаи Киев интиқод карда, изҳор дошт, ки интиқоли аслиҳаю лавозимоти ҷангӣ ба Украина ба ҳадафҳои амалиёти вижаи низомӣ дар ин кишвар таъсире нахоҳад дошт.