Эълони теъдоди заршӯйҳо дар Тоҷикистон: давлат тилояшонро бемаҳдуд мехарад

Иҷозати ҷамъоварии канданиҳои фоиданоки пошхӯрда ба мардум дастури раисҷумҳури Тоҷикистон буда, ҳадафи он беҳбуди сатҳи зиндагии шаҳрвандон арзёбӣ мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Давоми 3 соли охир дар Тоҷикистон ба 7 ҳазор шаҳрванд иҷозат дода шудааст, ки мустақилона ба истихроҷи тилою канданиҳои фоиданок машғул шаванд.
Дар ин бора Вазорати молияи Тоҷикистон, ниҳоди масъули додани иҷозатномаҳо ба шаҳрвандони кишвар барои заршӯӣ, хабар медиҳад.
Таъкид шудааст, ки ҳамчунин дар минтақаҳои кишвар наздики 30 нуқтаи хариди тило ташкил карда шудааст, ки аз шаҳрвандон бемаҳдудият тилои ёфтаашонро мехарад.
Маврид ба зикр аст, ки раисҷумҳури Тоҷикистон қоидаҳои додани иҷозат ба шахсони воқеӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданок бо усули худфаъолӣ ва худбиёриро моҳи ноябри соли 2019 имзо карда буд.
Раиси агентӣ: Сеяки содироти саноати Тоҷикистон сангу металҳои қиматбаҳост
Ҳамин тариқ ҳукумати Тоҷикистон ба шаҳрвандон иҷозат дод, бо гирифтани иҷозатнома аз Вазорати молия мустақилона металлҳои ранга ва қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо истихроҷ кунанд.
Саридораи геологияи тоҷик эълон дошт, ки даҳҳо қитъаро мушаххас кардааст, ки дар он шаҳрвандон метавонанд ба заршӯӣ машғул гарданд. Аз ҷумла чунин минтақаҳо дар шаҳру навоҳии Айнӣ, Бохтар, Ванҷ, Дарвоз, Дӯстӣ, Лахш, Масчоҳи кӯҳӣ, Мӯъминобод ва Мурғоб мушаххас шудаанд.
Дар зимн Саридораи геологияи Тоҷикистон таъкид намуда буд, кибарои фаъолияти фардии тиллошӯӣ баъзе талабот ҷорӣ карда шудааст, ки бояд риоя гарданд. Аз ҷумла техникаи истифодашаванда набояд аз 50 қувваи асп зиёд бошад.