ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон китобхонаи электронӣ ба истифода дода шуд.
Он дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургӣ ҷойгир буда, дорои 100 ҳазор китоб мебошад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти муассисаи таълимӣ. Нашрияҳо дастраси хонандагони интернетӣ хоҳанд шуд.
Гуфта мешавад, ки дар толори барҳавои китобхонаи электронии донишкада беш аз 60 адад компютерҳои насли нав, ки ба шабакаи интернет пайвастанд, насб шудааст.
Институт хабар дод, ки фонди китобхонаи электронй мунтазам меафзояд. Ҳамин тариқ, дар соли таҳсили 2022-2023 дар асоси ҳамкории мутақобилан судманд бо Фонди китобхонаи шаҳри Душанбе феҳрист бо 20 ҳазор адад китобҳои гуногуни электронӣ пурра карда шуд.
Интизор меравад, ки чунин табодули китоб бо дигар ниҳодҳои минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сурат бигирад.
Зимни ифтитоҳи ин толор ректори донишкада Бахтиёр Маҳмадалӣ иброз дошт, ки "ба шарофати китоб мо метавонем дониши худро такмил диҳем, арзишҳои волои худро дарк кунем, хотираи ниёгон, таърихи давлатдории худро ҳифз намоем.
Қобили зикр аст, ки мутахассисони Донишкадаи кӯҳӣ-металлургӣ барномаеро омода кардаанд, ки ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки бо коди беназири худ ба китобхонаи электронӣ дар ҳама ҷо ворид шаванд ва адабиёти заруриро зеркашӣ кунанд.