Сохтмони гармхонаи нав дар ноҳияи Сучони ВМКБ дар ҳоли анҷомёбист

Дар ҳудуди вилоят феълан 24 гармонаи нав сохта шуданд, ки дар он хоҷагидорон зироатҳои гуногун, аз қабили помидору бодиринг ва кабудӣ кишт мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 дек – Sputnik. Дар ноҳияи Сучони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони гармхона дар масоҳати 106 метр мураббаъ идома дорад.
Дар ин бора котиботи раиси ноҳияи Шуғнон хабар дода, изҳор дошт, ки аз рафти сохтмони гармхона Ҷумъа Ҷумъазода, раиси ноҳия дидан кард.
Манбаъ меафзояд, корҳои сохтмонӣ дар гармхонаи мазкур 95 дарсад анҷом ёфтааст ва дар ояндаи наздик он мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони гармхона бо дастгирии мақомоти иҷроияи ноҳия ва Барномаи ҷонибдории инкишофи манотиқи кӯҳистон роҳандозӣ гардида, дар он кишту парвариши навъҳои қулфинай, помидор, бодиринг, кабудӣ ва дигар намуди зироат ба таври васеъ роҳандозӣ мегардад.
Ташкили гармхонаҳо барои таъмини ВМКБ бо маҳсулоти кишоварзӣ
Дар ҳудуи вилоят боз 24 гармхонаи нав сохта шуда, дар он хоҷагидорон зироати гуногуни кишоварзӣ, аз қабили помидору бодиринг, кабудӣ, кишт намуда, ба хотири гирифтани ҳосили дилхоҳ заминро самараноку оқилона истифода мебаранд.
Раиси ноҳия барои зиёд намудани масоҳати гармхонаҳо, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноку оқилонаи замин ва ҷорӣ кардани роҳу усулҳои нави парвариши зироат ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.