Раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даргузашт

Марҳум бо фармони президент соли 2021 бо медали 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва соли 2016 бо медали Хизмати шоиста сарфароз гардида буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 дек – Sputnik. Убайдулло Файзулло, раиси ноҳияи Ҷаллолидини Балхӣ дар синни 59-солагӣ дунёи фониро падруд гуфт.
Аз ҳукумати ноҳияи ба Sputnik Тоҷикистон хабари даргузашти Файзуллоро тасдиқ намуданд, вале нагуфтанд, ки иллати марги ӯро ошкор накарданд.
Тибқи баъзе маълумотҳо марҳум гирифтори бемории зуком буда, аснои интиқол додани ӯ ба Душанбе дар роҳ ҷон бохтааст.
Маросими ҷанозаи ӯ дар зодгоҳаш, ҷамоати Чараеви ноҳияи Ҷаолиддини Балхӣ бо ҳузури раиси вилояти Хатлон, Қурбон Ҳакимзода баргузор гардид.
Масъуд Собиров даргузашт
Убайдулло Файзулло 21 апрели соли 1963 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар оилаи коргар ба дунё омада, дар ҳамин ноҳия ба камол расидааст. Ӯ фаъолияти кориро аз хоҷагии ба номи Н. Бегови ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ шурӯъ карда, дар ин давом дар вазифаҳои гуногун кор кардааст.
Дар гузашта раиси хоҷагии ба номи Н. Бегови ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, раиси ноҳияи Хуросон ва аз моҳи марти соли 2015 то охирон нафас раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ буд.
Марҳум соли 2016 бо фармони раисҷумҳуври Тоҷикистон бо медали Хизмати шоиста, соли 2021 бо медали ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ сарфароз гардонида шуд.