Дар СПАД "нуқтаҳои дарднок"-и самти Афғонистонро гуфтанд

Намояндагони ин созмон аҳамияти таҳкими талошҳои ҷомеаи байналмилалиро барои барқарорсозии баъдиҷангии кишвар таъкид карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Дар Котиботи СПАД ҷаласаи 36-уми гурӯҳи корӣ оид ба Афғонистон баргузор шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ин созмон.
Иштирокчиёни вохӯрӣ ба хатару таҳдидҳое, ки ҳанӯз дар самти Афғонистон боқӣ мондаанд, таъкид карданд.
Аз ҷумла, фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ, қочоқи маводи мухаддир, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва тиҷорати силоҳ, аз хатароти аслӣ унвон шуд.
Ҳушдори раҳбари Маркази зиддитеррористии ИДМ аз хатари ДОИШ* ва вазъи Афғонистон
Ба далели муназзам бад шудани вазъи иқтисодии кишвар ва фақир шудани аҳолӣ нақши мусбати кумакҳои башардӯстонаи СПАД ба мардуми Афғонистон алоҳида қайд карда шуд.
"Аҳамияти таҳкими талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои барқарорсозии баъдиҷангии Афғонистон таъкид шуд",- гуфта мешавад дар гузориши нишасти машваратӣ.
Дар ҷаласа ҳамчунин натиҷаҳои кори ташкилот дар нимсолаи дуюми соли 2022 ҷамъбаст гардида, нақшаи корӣ барои 6 моҳи оянда қабул гардид.
Қаблан Станислав Зас, раиси СПАД дар бораи таҳдидҳо ва чолишҳое, ки аз қаламрави Афғонистон бармеояд, изҳор назар карда буд.
Вай дар ин робита кумаки фаврӣ ба Тоҷикистон дар таҳкими амният дар марзҳояш бо Афғонистонро баррасӣ кард.