Ин болотар аз филмҳост: аксҳои мубодилаи Бут бо Грейнер дар Абу-Даби

Бритни Грейнер, амрикоие, ки дар Русия муҷозот шудааст, дар фурудгоҳи Абу-Дабӣ бо соҳибкори рус Виктор Бут, ки дар Амрико ҳукми зиндон дошт, иваз карда шуд
Sputnik
1 / 10

Ҳарду маҳбусон қабл аз интиқол афв шуданд, аммо вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, ки ба чунин созиш расидан осон набуд, зеро Вошингтон аз шомил кардани Бут ба нақшаи мубодила “қатъиян зиддият мекард”.

2 / 10

Соҳибкори рус Виктор Бут, ки дар Амрико ҳукми худро адо мекард, бо ҷурми қочоқи аслиҳа ба 25 соли зиндон маҳкум шуда буд.

3 / 10

Пас аз он ки ӯ ба самти Маскав равон шуд, табибон саломатии ӯро тафтиш карданд. Баъд Бут тавонист ба хешовандонаш - модару занаш тамос гирад.

4 / 10

Русия ва Иёлоти Муттаҳида тайи моҳҳои гузашта дар мавриди табодули зиндониён гуфтугӯ доштанд.

5 / 10

Қаблан ӯ дар бораи камбуди кӯмаки тиббӣ дар зиндон ҳарф зада буд. Бут 8 моҳ онро нагирифтаву, ҳеҷгоҳ ташхис низ нашудааст.

6 / 10

Чанд рӯз пештар шаҳрванди ИМА Бритни Гринер бошад, ҳудуди зиндони занонаи ИК-2 дар Ёвасро тарк кард.

7 / 10

Грейнер ба далели интиқоли маводи мамнӯъ тавассути гумруки фурудгоҳи Шереметево муттаҳам шуда буд.

8 / 10

Баскетболбози амрикоӣ барои қочоқи маводи мухаддир маҳкум шуда буд.

9 / 10

Аз чемпиони олимпӣ қуттие бо равғани каннабис пайдо карданд.

10 / 10

Шаҳрванди ИМА дар додгоҳ ба гуноҳаш иқрор шуд, аммо иддао кард, ки ин ҷиноятро надониста содир кардааст.